Мулоқоти қарибулвуқӯи Сингҳ ва Гелонӣ

Нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ва ҳамтои ҳиндуи ӯ Манмуҳанг Сингҳ дар ҳошияи нишасти ҷумбиши кишварҳои ҳамроҳношуда дар Шармуашшайхи Миср гуфтугӯе анҷом хоҳанд дод. Зимни суханрониаш дар ин ҳамоиш рӯзи чоршанбе Сингҳ гуфт, ки ӯ хеле зиёд мехоҳад Покистонеро бубинад, ки дар он Лашкари Таъйиба ва дигар гурӯҳҳои ҷангиён, ки болои қисмати ҳиндии Кашмар ҳамлаҳо анҷом медиҳанд, саркӯб шудаанд.