Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар миёни 156 қурбонии нооромиҳои Чин ҳеҷ як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон набудааст. Давлат Назрӣ, раиси департаменти иттилоот дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфтааст, мақомоти вазорати хориҷии Тоҷикистон дар тамоси пайваста бо сафорати Тоҷикистон дар Чин мебошанд. Вай афзуд, ки дар миёни боздоштшудаҳо ҳам ягон шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.