ША СММ Кореяи Шимолиро маҳкум кард

Шӯрои Амнияти СММ партоби мушакҳои болдори Кореяи Шимолиро ба унвони таҳдид ба амнияти минтақа ва ҷаҳон маҳкум кард. Ин кишвар рӯзи шанбе ба Баҳри Ҷопон 7 мушаки болдор партоб кард. Партоби мушакҳо дар рӯзи истиқлоли Амрико, яъне дар рӯзи 4-ӯми июл навъе вокуниш бар зидди Амрикост, ки фаъолияти баъзе ширкатҳоро маҳдуд кард, ширкатҳоеро, ки ба эҳтимоли зиёд ба Кореяи Шимолӣ дар тиҷорати аслиҳаву мушак кӯмак мекарданд.