Бразилия боз Ҷоми Конфедератсияро соҳиб шуд

Дастаи Бразилия бори дигар Ҷоми Конфедератсияро соҳиб шуд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони ин кишвар дастаи Амрикоро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст доданд. Қисмати аввали бозӣ бо бартарии футболбозони Амрико гузашт ва он бо ҳисоби 2 бар 0 анҷом ёфт. Ва аммо дар қисмати дуввум футболбозони бразилиягӣ беҳтар бозӣ карданд ва ба дарвозаи ҳариф 3 тӯб заданд.
Дастаи Бразилия бори саввум ба дарёфти Ҷоми Конфедератсия муваффақ шудааст – аз ин пеш солҳои 1997 ва 2005 низ ин даста беҳтарин дастаи олам эълон шуда буд. Дар Ҷоми Конфередатсия тимҳое ширкат мекунанд, ки дар мусобиқоти қарамонӣ қораҳои худ ба пирӯзӣ даст ёфтаанд.