Бан Ги Мун - дабири кулли Созмони Милал аз ҳукумати Эрон хост, билофосила ба истифодаи нерӯ алайҳи ғайринизомиён хотима диҳад ва аз мақомот хост, зимни амалкардашон дар тазоҳуроти эътирозӣ ба ҳуқуқи мадании мардум эҳтиром гузоранд. Дар як баёнияи расмии Бан Ги Мун омадааст, ки дабири кулли Созмони Милал аз хушунатҳои баъд аз интихобот, бахусус аз истифодаи нерӯ ба зидди мардуми мулкӣ ваҳшатзада шудааст. Пештар аз ин баёнияи Бан Ги Мун, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, як гурӯҳи низомии қавии вафодор ба рӯҳониён таҳдид кард, ки ҳаргуна тазоҳуротро саркӯб хоҳад кард.