ICG рафтори Русияро "хатарнок" хонд

Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо бо нашри гузориши тозае гуфт, иқдоми Русия барои берун кардани нозирони хориҷӣ аз минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон метавонад “вазъи мунфаҷиршавандаеро” ба амал оварда, сабаби ҷангҳои нав шавад. Муаллифони гузориш мегӯянд, Русия, ки дар Шӯрои Амният нагузошт, то нозирони Созмони Милал дар Абхозистон бимонанд ва талоши он барои берун кардани нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Осетияи Ҷанубӣ, “як зарба ба амнияти минтақавист, ки таниш хоҳад афрӯхт. Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо ба ҳукумати Русия тавсия додааст, ки “ сиёсаташро бознигарӣ ва бо созиши маъқуле бигузорад то нозирони Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кори муҳимашонро идома бидиҳанд.”