Таъсири тазоҳуроти Эрон ба Барак Обама

Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико Барак, бо дидани тазоҳуроти мардум дар Эрон таҳти таъсир қарор гирифтааст. Маъмурони амниятии Теҳрон саркӯбии тазоҳургаронро дар ин шаҳр идома дод, ки ба зидди натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон эътироз мекунанд. Роберт Гибс – сухангӯи Кохи Сафед гуфт, оғози иқтибос, “Ба фикри ман ӯ аз ончӣ ки мо дар телевизион дидем, таҳти таъсир қарор гирифтааст ба хусус аз навори занон дар Эрон, ки барои ҳаққи худ эътироз мекунанд, то садояшон шунида шавад.” Ба гуфтаи Роберт Гибс, Барак Обама ҳанӯз ҳам доир ба шеваи баргузории интихоботи 12 июн дар Эрон “нигарониву суолҳо” дорад.