Кличко Руслан Чагаевро мағлуб кард

Владимир Кличко-муштзани машҳури Украина унвони қаҳрамонии худро дар миёни вазнинтарин муштзанони ҷаҳон нигаҳ дошт. Вай дар раунди 9-ӯм Руслан Чагаев-қаҳрамони дигари ҷаҳонро, ки шаҳрванди Ӯзбекистон аст, мағлуб кард. Дар раунди 9-ӯм Кличко ҳарифи худро бо зарбаҳои сахту дақиқ аз бозӣ хориҷ кард. Ин мусобиқа дар Олмон баргузор шуд ва барои дидани он 61 000 нафар ҳаводорон ҷамъ омаданд.