Аксари нашрияҳои ҷаҳон натоиҷи интихоботи раисиҷумҳури Эрон ва тазоҳурот дар Теҳронро мавзӯи меҳварии худ қарор доданд.
Аз ҷумла, рӯзномаи «The Wall Street Journal»–и чопи Вошингтон менависад, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба натоиҷи интихоботи раисиҷумҳурии Эрон мулоҳизакорона муносибат кардаанд, дар ҳоле ки Мирҳусейни Мӯсавӣ - ҳарифи аслии Маҳмуди Аҳмадинанажод дар интихобот натоиҷи ин интихоботро номунсифона арзёбӣ карда, тарафдоронаш ба кӯчаҳои Теҳрон рехтаву даст ба тазоҳурот задаанд.
Ба навиштаи The «The Wall Street Journal», Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо изҳор кардаанд, ки мисли пешина барои музокироти мустақим бо Эрон, барои ҳали масъалаи барномаи ҳаставии ин кишвар талош хоҳанд кард.
Ин нашрия менависад, ин дар ҳолест, ки баъзе аз фаъолони ҳаракатҳои демократии Ховари Миёна аз раисҷумҳури Амрико Барак Обама дархост карданд, ки натоиҷи интихоботи раисҷумҳурии Эронро баррасӣ кунад, аммо ноиби раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва дигар мақомоти амрикоӣ таъкид кардаанд, ки ҳали масъалаи барномаи ҳаставии Эрон ба раисиҷумҳури ин кишвар марбут нест, балки ба раҳбари рӯҳонии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ алоқаманд аст, ки ӯ аз Аҳмадинажод ҷонибдорӣ мекунад.
«The Wall Street Journal» менависад, ки интихоби дубораи Аҳмадинажод дар интихоботи раисиҷумҳурии Эрон ба Вашингтон кӯмак мекунад, ки барои қатъи барномаи ҳаставии Эрон чун пешина талош кунад. Зеро менависад, ин нашрия интихоби дубораи Аҳмадинажод мавқеи Теҳронро дар қиболи барномаи ҳастаияш равшан мекунад ва нишон медиҳад, ки Эрон дар ин масъала аз камтарин гузашт ҳам, худдорӣ мекунад.
Аммо рӯзномаи «La Stampa» вобаста ба воқеаҳои ахири Теҳрон навиштааст, ки шеваҳои фаъолияти минбаъда бо Теҳрон барои Барак Обама чандон зиёд нестанд. Ин рӯзнома бо раҳбари пешини хадамоти амниятии Амрико дар Шарқи наздик Роберт Байер мусоҳибае анҷом додаст, ки мегӯяд, мақомоти Амрико талош дорад, таассуроти ҷомеаи амрикоӣ аз бетартибиҳои рӯзҳои ахири Теҳронро ба инобат гирифта, дар муносибат бо ин кишвар барномаи наверо роҳандозӣ кунад.
Роберт Байер таъкид кардааст, ки Барак Обама интихоби зиёди шеваҳои гуногуни муносибат бо Эронро надорад ва ба ӯ лозим меояд, бо Маҳмуди Аҳмадинажод музокирот анҷом диҳад. Оқои Байер ба суоли рӯзнома, ки чаро Обама бояд аз тазоҳуроти феълии Теҳрон сарфи назар кунад, посух додааст, ки ин тазоҳурот муваффақ намешавад ва раисиҷумҳури Эрон Аҳмадинажод боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, «La Stampa» дар матлаби дигаре шеваи баргузории тазоҳурот дар Теҳронро ба тарзи муборизаи инқилобгарони муосир монанд кардааст. Ин нашрия менависад, аз як сӯ ҳиҷобу гарданбандҳои сабзи ҷонибдорони Мусавӣ, ки баъди эъломи натоиҷи интихобот ба кӯчаҳо рехтаанд ва аз сӯи дигар, баста шудани сомонаҳои интернетӣ ва қатъи алоқаи мобилӣ аз сӯи ҳукумат нишон медиҳанд, ки феълан дар Эрон инқилоби ба истилоҳ ранга ҷараён дорад.
Нашрияи «Le Teps»-и чопи Швейтсария мусоҳибаеро бо Маҳдии Халлоҷӣ таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи сиёсати Шарқи Наздики Вашингтон ба чоп додааст. Маҳдии Халлоҷӣ натоиҷи интихоботи Эронро номунсифона унвон дода, таъкид кардааст, ки ҳатто варақаҳои овоздиҳӣ аслан ҳисоб карда нашудаанд. Ба қавли вай, баъди мунозираи телевизионии номзадҳо маълум шудааст, ки Аҳмадинажод дар интихобот пирӯз намешавад ва аз ин ҷиҳат ҳукумат дар рӯзҳои ахири овоздиҳӣ даст ба тақалубкорӣ задааст.
Нашрияи «Die Welt»–и чопи Олмон бо тааҷҷуб менависад, ки Аҳмадинажод дар Теҳрон ва Табрез беш аз 50 дарсади овози интихобкунандагонро ба даст овардааст. Дар ҳоле, ки Табрез, зодгоҳи Мирҳусайни Мӯсавӣ - ҳарифии аслии Аҳмадинажод дар интихоботи раисиҷумҳурии ин кишвар аст ва шонси Мусавӣ барои касби бештари овозҳо дар ин шаҳр равшан буд.
Ин нашрия ҳамчунин навиштааст, тазоҳуроти Теҳрон, ки дар солҳои ахир барои бори аввал бо чунин шева сурат мегирад, ҳукумати Эронро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст. «Die Welt» менависад, ҳарчанд иштирокдорони тазоҳурот лату кӯб шуда ва намояндагони мухолифин боздошт шудаанд, аммо хавфи ҳар лаҳза аз дасти ҳукумат рафтани назорат ва идораи ҷараёни воқеаҳо вуҷуд дорад.