Нишасти НАТО дар Брюссел хотима ёфт

Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО нишасти дурӯзаи худ дар шаҳри Брюсселро бо гуфтӯгу доир ба дастовардҳои нерӯҳояшон дар Афғонистон ба поён расониданд. Ҳангоми суханронӣ дар ин нишаст, Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико, рӯзи панҷшанбе гуфт, натиҷаи ин дастовардҳо бояд то як сол ва ё якуним соли дигар нишон дода шавад. Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО дирӯз ба тавофуқ расиданд, то теъдоди нерӯҳояшон дар Косоворо аз 15 ҳазор нафар то ба 10 ҳазор нафар коҳиш диҳанд. Роберт Гейтс гуфт, умедвор аст, аз ин ҳисоб, сарбозони бештаре барои мубориза ба зидди Толибон дар Афғонистон фиристода хоҳанд шуд.