Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раъду барқ рӯзи гузашта як чӯпони тоҷикро кушта ва се ҳамроҳи дигари ӯро сахт захмӣ кардааст. Бино ба иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, Абдураҳмон Сулаймонови 43-сола бо се ҳамроҳаш дар як чарогоҳи дурдасти ноҳияи Нуробод воқеъ дар шарқи Тоҷикистон дучори чунин мусибат шудаанд. Ҳалокати одамон бар асари барқ ва ё оташак дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст.