Имрӯз бори дигар порламони Молдавия натавонист раиси ҷумҳури нави худро интихоб кунад. Дар ин кишвар раиси ҷумҳур дар порламон интихоб мешавад. Агар раиси ҷумҳур интихоб шавад, роҳ ба интихоботи нави сартосарӣ боз мешавад. Порламон 101 намоянда дорад ва ҳамаи 60 намояндаи куммунисти порламон мехоҳанд Зинаида Грецианӣ-нахуствазирро ба ҷои Владимир Воронин раиси ҷумҳур интихоб кунанд, вале намояндагони мухолифон райдиҳиро бойкот карданд ва барои куммунистоҳо барои интихоби номзади худ 1 рай нарасид. Онҳо ба 61 рай ниёз доранд.