Имрӯз Дониёл Аҳмадов-вазири дифоъи Қазоқистон барои боздиди дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуъотии вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар додааст. Тибқи ин хабар, Дониёл Аҳмадов бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъи Тоҷикистон ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур дидор ва гуфтугӯ мекунад. Дар ин мулоқотҳо масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва таълими кадрҳои низомӣ баррасӣ мешавад.