Ду раисҷумҳур ба Душанбе меоянд

Сомонаи расмии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар охири моҳи май Душанбе мизбони ду раисҷумҳури хориҷӣ хоҳад буд.
Рӯзҳои 23-25-уми май сафари Степан Месич, раисҷумҳури Хорватия ба Тоҷикистон дар назар аст.

Рӯзҳои 28-30-уми май Абдулло Гул, раисҷумҳури Туркия, аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.