"Регар" ТадАЗ ба Ҷоми АФК меравад?

Дастаи футболи "Регар" ТадАЗ-и Турсунзода дар даври севвуми бозиҳо барои роҳ ёфтан ба мусобиқоти Ҷоми раиси АФК ё Конфедерацияи футболи Осиё бар дастаи "Непал Полис Клаб" бозиро мусовӣ, 2 бар 2 анҷом дод. Сарнавишти роҳхат аз гурӯҳи "А" имрӯз дар бозии "Тайван Поуер Компанӣ" ва ВАПДА-и Покистон ҳал мешавад. Ин нукта низ муҳим аст, ки дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи худ ҳоло бо 5 имтиёз дар сархатти ҷадвал қарор дорад. Агар бозии дуввуми гурӯҳ мусовӣ анҷом гирад, Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии мусобиқот меравад. Агар Тайван пирӯз шавад, дастаи Тоҷикистон мусобиқотро идома намедиҳад.