Собирӣ аз зиндон раҳо шуд

Вакилони мудофеъи хабарнигори зиндонишудаи эрониву амрикоӣ Роксана Собирӣ гуфтанд, ки ӯ имрӯз бар асоси қарори додгоҳи таҷдиди назар аз зиндони Евини Теҳрон озод шуд.
Имрӯз додгоҳи таҷдиди назар 8 соли ҳукми қаблии зиндони Роксана Собириро бо 2 сол ҳукми ҳабси шартӣ иваз кард.
Додгоҳи қаблӣ Роксана Собириро бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо вакили мудофеъи ӯ Солеҳ Некбахт гуфт, ҳукми додгоҳи поёнӣ имрӯз тавассути додгоҳи таҷдиди назар лағв шуд.
Солеҳ Некбахт афзуд, Роксана Собирӣ ҳаққ дорад ба дунболи раҳоияш аз зиндон Эронро тарк кунад, вале тайи 5 сол ҳаққи хабарнигорӣ дар Эронро нахоҳад дошт.
Собирӣ дар моҳи январ ҳангоми харидории машрубот боздошт гардида, ибтидо ба фаъолияти ғайримуҷози хабарнигорӣ ва дар ниҳоят ба ҷосусӣ айбдор шуд.