Вокуниши Ҳомид Карзай ба куштори Бен Лоден

Ҳомид Карзай

Дар вокуниш ба куштори Бен Лоден Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “Толибон бояд сабақ бигиранд” ва ба даргириҳо хотима бахшанд:

“Ман садо мекунам аз Толибон, ки ибрат бигиранд аз ин коре, ки дирӯз дар Абботобод рух дод. Даст бикашанд аз ҷанг, даст бикшанд аз харобии ватани худ ва куштори бародари худ ва фарзанди худ...”

Ҳампаймонони Амрико дар Ғарб аз ин хабар истиқбол карданд, вале ҳушдор доданд, ки куштори Бен Лоден ба маънии поёни фаъолияти Ал-Қоида нест.