Ҳалокати 5 нафар дар эътирозҳои Яман

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

Мақомоти Яман мегӯянд, даргириҳо бо эътирозгарон дар ҷануби ин кишвар мунҷар ба ҳалокати 2 сарбоз ва 3 тан аз афроди мулкӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомот, даргирӣ вақте рух дод, ки эътирозгарон талош карданд, то саддҳои гузошташуда дар роҳ ба сӯи Ал-Мансураро дар ҳолшияи Адан бардоранд. Адан як маркази умдаи эътирозҳои зидди раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳи Солеҳ аст. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Солеҳ, ки 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад, 4 моҳ боз идома дорад.