Тазоҳуроти дарвешҳои эронӣ дар шаҳри Байдухт

Бино ба гузориши Радиои Фардо, дарвешҳои Гунободӣ дар шаҳри шимолушарқии Байдухти Эрон ҷамъ омадаанд, то алайҳи эҳзори пешвояшон ба додгоҳ эътироз кунанд. Мустафо Озмоиш, намояндаи силсилаи сӯфиёни Неъматуллоҳи Гунободӣ гуфт, 5 ҳазор аз дарвешҳои ин силсила ба нишони эътироз аз тасмими эҳзори Нур Алӣ Тобанда қутби силсилаи Гунободӣ аз шаҳрҳои гуногуни Эрон ҷамъ омадаанд. Нур Алӣ Тобандаро мақомоти Эрон ба он муттаҳам мекунанд, ки бар хилофи қонун дарвешеро дар мазори Султонӣ, оромгоҳи муқаддас барои дарвешон дафн кардааст. Мақомот пештар аз дарвешон хостаанд, бо иллатҳои беҳдоштӣ майитҳои худро дар ин мазор дафн накунанд.