"Борон нагузашта, боз борон, борон"

Боришоти шадид баъд аз зӯҳри ҷумъа, 8 май, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро ғарқи об кард.
Боришоти шадиде, ки дар пойтахти Тоҷикистон баъд аз зӯҳр оғоз ёфт ва дар ин лаҳзаҳо, ки ин гузориш барои нашр омода мешуд, ҳанӯз идома дорад, кӯчаву хиёбонҳоро ғарқи об ва ҳаракати нақлиёту равуои мардумро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Дар бисёре аз ҷодаҳо об ба ҳадде баланд шудааст, ки пои пиёда гузаштан аз роҳро қариб номумкин мегардонад. Дар назди фурӯшгоҳи марказии Душанбе садамаи қубурҳои обгузар боиси ба рӯи роҳ рехтани лойу гили зиёд шудааст.

Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон аз ибтидои баҳор ба ин сӯ шоҳиди боришоти ба таври бесобиқа ва ғайриинтизор шадид шудаанд. Боришоти шадид, бино ба бароварди мақомоти ҳолоти изтирорӣ, то кунун ба иқтисоди Тоҷикистон, ба хусус ба бахши кишоварзӣ, беш аз 3 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, то кунун селу обхезиву ярч ва офоти дигари табиии ношӣ аз боришоти зиёд дастикам 5 нафарро кушта барҷой гузошт. Охирин мавриди ҳалокати афрод бар асари офати табиӣ рӯзи 5 май дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун мушоҳида шуд. Ду коргари ин нирӯгоҳ бар асари ярч ҳалок шуда ва 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сел дар Душанбе