Ифтитоҳи мадрасаи нави ба номи Абӯҳанифа

Имрӯз, 5-уми май, дар шаҳри Душанбе мадрасаи нави хусусие бо номи "Мадрасаи Абӯҳанифа" ба кор шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи таъсисдиҳандагони он, дар ин мадраса барои наврасон ҳам улуми динӣ ва ҳам дунявӣ таълим дода хоҳад шуд. Ба ин мадраса довталабони хатмкардаи мактаби умумии миёна қабул карда мешаванд ва муддати таҳсил дар мадраса се сол муқаррар шудааст.