Клинтон хостори интихоботи мунсифона дар Лубнон шуд

Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, ки бо як сафари ғайриинтизор вориди Бейрут шудааст, вай дирӯз бо раисиҷумҳури Лубнон Мишел Сулаймон ва дигар раҳбарони кишвар дидору гуфтугӯ дошт. Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқотҳо дурнамоии сиёсии Лубнон дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи июн баррасӣ шуд. Хонум Клинтон хостори интихоботи шаффофу озод гардид. Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар интихоботи рӯзи 7 июн шояд гурӯҳи исломии “Ҳизбуллоҳ” пирӯз шавад ва ин боиси суқути ҳукумати ғарбгарои Лубнон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки “Ҳизбуллоҳ” аз сӯи Теҳрон пуштибонӣ меёбад. Дирӯз Ҳиллари Клинтон ҳамин гуна ғайриинтизор ба Бағдод сафар карда буд. Ӯ бо раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ, бо сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ ва бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ Реймонд Одиерно, аз ҷумла, вазъи амниятии кишвар ва мавзӯъи дурнамои Ироқ баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоиро баррасӣ намуд.