Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, имрӯз дар пайи боздидаш аз Афғонистон вориди Исломобод, пойтахти Покистон, шуд. Барномаи мулоқотҳои ӯ бо раҳбарони Покистон ҳанӯз эълон нашудааст.
Адмирал Муллен имрӯз дар Афғонистон бо сарбозони амрикоӣ низ мулоқот кард.