Ҳавопайморабо ба полис таслим шуд

Дар фурудгоҳи шаҳри Монтего-бейи Ямайка фарде, ки ҳавопаймои мусофирбарро ғасб карда буд, худро ба полис таслим намуд. Ӯ то лаҳзаи ахир шаш сарнишини ҳавопайморо гаравгон нигаҳ медошт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, сокини 20 солаи Ямайка, ки маризи рӯҳӣ дорад, бо асноди тақаллубӣ ва бо туфангча вориди ҳавопаймои ширкати Canjet шуд – ин ҳавопаймо бояд ба Канада парвоз мекард. Баъд аз чанд муддат ӯ аксари мусофиронро раҳо кард ва аммо сарнишинҳо дар банди ӯ қарор доштанд.