Чирикиҳои исломӣ дар Филлиппин як корманди Салиби Сурхи Швейтсарияро баъд аз беш аз 3 моҳи асорат раҳо кардаанд. Вазири дифоъи Фллиппин Ҷилберт Теодоро гуфт, Андреас Ноттер шаби ҷумъа дар ҷазираи Ҷоло, воқеъ дар 1000-километрии Манила, пойтахти Филлиппин, озод шудааст.
Чирикиҳои марбут ба гурӯҳи "Абӯ Сайёф" ҳамчунин шаҳрванди Итолиё Евгенио Вагниро гаравгон нигоҳ медоранд. Аммо дар бораи сарнавишти ӯ хабари наве нарасидааст.