Посухи Абхозистон ба тамринҳои низомии НАТО

Сергей Багапш, раисиҷумҳури Абхозистон, изҳор намуд, ки дар посух ба тамринҳои НАТО дар қаламрави Гурҷистон ду ҷумҳурӣ - Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ҳам шояд машқҳои низомӣ доир кунанд. Дар як нишасти хабарӣ дар Маскав ӯ ҳамчунин хабар дод, ки бунёди пойгоҳҳои низомии Русия дар Абхозистон дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Багапш, ин пойгоҳҳо дар Гадаутӣ ва Очамчир мустақар хоҳанд шуд.