Шумораи қурбониёни зилзилаи Италия аз 200 гузашт

Сарвазири Италия, Силвио Берлусконӣ, эълон кард, ки бар асари заминларзае, ки манотиқи марказии Италияро такон дод, 207 нафар кушта ва 15 нафари дигар бенишон шудаанд. Ҷустуҷӯи афроде, ки мумкин аст, дар зери шикастпораҳо зинда мондаанд, идома дорад. Зилзилае, ки нерӯи он 6,2 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳисоб шудааст, даҳҳо ҳазор нафарро дар шаҳраки таърихии Лакюилла аз манзили зист маҳрум кард. Субҳи имрӯз пасларзаҳои наве минтақаро такон додаанд.