Обама: ИМА бо ислом ҷанг нахоҳад кард

Иёлоти Муттаҳида бо ислом ҷанг нахоҳад кард. Ин изҳороти Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни суханронияш дар парлумони Туркия садо дод. Ӯ мавҷудияти мушкил дар равобити Амрико бо олами исломро иқрор кард ва аммо гуфт:
“Ман мехоҳам рушан изҳор намоям, ки муносибати Амрико бо ҷомеъаи мусалмонӣ, бо олами мусалмонҳо фақат дар пояи муқовимати мо бо терроризм бунёд нашудааст ва бунёд нахоҳад шуд. Мо роҳҳои ҳамкории густарда дар пояи манфиатҳои ҳамдигар ва эҳтироми ҳамдигарро ҷустуҷӯ дорем. Мо бо таваҷҷуҳ ба ҳар ҳарф гӯш хоҳем дод, мо ихтилофи назарҳоро аз байн хоҳем бурд ва мо зербинои умумиро ҷустуҷӯ хоҳем кард”.
Барак Обама дар ин суханронӣ ҳамчунин гуфт, ки ИМА аз узвияти Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад.
Барак Обама имрӯз бо раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул мулоқот дошт ва ҳамчунин бо сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон музокирот анҷом дод. Дар дидору гуфтугӯҳои раҳбари Амрико ва мақомоти Туркия асосан масоили минтақаӣ, аз ҷумла, вазъи Афғонистон, раванди сулҳи Ховари Миёна ва эҳёи равобити миёни Туркия ва Арманистон баррасӣ гардид.
Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар нимаи дуввуми рӯз ба Истамбул парвоз кард ва фардо он ҷо дар Форуми байнулмилалии гуфтугӯи тамаддунҳо ширкат хоҳад дошт.