Мурофиаи додгоҳии ду хабарнигори амрикоӣ, ки аз сӯи марзбонҳои Кореяи Шимолӣ боздошт шудаанд, дар Пхенян баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ иттилоъ дод. Хабарнигорон Юне Ли и Лоре Лин дар убури ғайриқонунии марз ва амалҳои душманона алайҳи Кореяи Шимолӣ айбдор мешаванд. Ва аммо рӯзи баргузории мурофиаи додгоҳӣ ҳанӯз маълум нест. Юне Ли и Лоре Лин рӯзи 17 март дар марзи миёни Коеяи Шимолӣ ва Чин боздошт шуданд. Тибқи бархе хабарҳо, марзбонҳои Кореяи Шимолӣ онҳоро дар қаламрави Чин дастгир кардаанд.