Дар Қатар сарнавишти Ал-Башир муҳокима мешавад

Умар Ал-Башир, раиси ҷумҳури Судон, бегаҳи дирӯз барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ вориди Қатар шуд. Қарор аст дар ин нишаст мавзӯъи ироаи дастури Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомӣ барои боздошти Ал-Башир баррасӣ шавад. Додгоҳ раҳбари Судонро дар куштори оммавии сокинони вилояти Дорфур, воқеъ дар ғарби кишвар, гумонбар мехонад. Ва аммо бисёр кишварҳои арабӣ дастури Додгоҳ барои боздошт ва истирдоди Умар Ал-Баширро маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, раҳбари Либия Муаммар Каззофӣ онро чун “амали террористӣ” аз сӯи кишварҳои пешрафта арзёбӣ намуд.
Дар ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои арабӣ Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун ширкат хоҳад кард.