Раҳмон аз Муғулистон боздид мекунад

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-ӯми март аз Муғулистон боздид мекунад. Дар ин бора дафтари матбуъотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст. Дар ҷараёни ин боздид оқои Раҳмон бо Намбарин Энҳбаёр-раиси ҷумҳур ва бо Дамдин Дэмбэрэл-раиси порламони Муғулистон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Қарор аст, ки дар ҷараёни ин боздид миёни ду кишвар дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ чанд санади ҳамкорӣ имзо шавад.