Имрӯз нируҳои зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон гуфтанд, воҳидҳои онҳо дар вилояти Ҳилманд як шӯришии аршад ва 9 нафар аз ҳамроҳони вайро дар ҷараёни амалиёте куштаанд. Нируҳои Байналмиллалии Кӯмаки Амниятӣ ё ISAF гуфтаанд, ин афрод рӯзи шанбе дар минтақаи Каҷакӣ кушта шудаанд. Дар эъломияи мунташира омадааст, " Мавлавӣ Ҳасан ва 9 нафар аз ҳамроҳонаш кушта шуданд". ISAF мегӯяд, Мавлавӣ дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз қабили ҳамлаҳои интиҳорӣ ва бамгузориҳо ширкати фаъол дошт. То ҳол мақомоти расмии Афғонистон ин хабарро таъйид накардаанд.