115-умин наврӯзи як модар

Модаре, ки дар охири асри 19 ба дунё омадаасту шоҳиди воқеаву рӯйдодҳои тамоми асри 20 буда, имрӯз дар асри 21 зиндагӣ дорад. Ӯ то
ҳол панҷ вақт намози худро мехонад.

Баҳрӣ Давлатова дар деҳаи Бедаки Поении ноҳияи Ғарм тавлид ёфтааст. Ҳоло 115 сол дорад ва дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бохтар ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, дар давраи ҷавониаш, солҳои 20-уми асри гузашта давлат тинҷу ором набуд, мактаби миёнаро хатм накардааст. Давраи хурдсолияш хуб нагузаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, Наврӯзро дар он замон 4 сарватманд ҷашн мегирифтанду, худи камбағалон аз қафо истода, нигоҳ мекарданд.

Дар пешорӯҳи Наврӯз хабарнигори Радиои Озодӣ ба аёдати ин зани солманд рафту як мусоҳиба бо вай анҷом дод.