Пулиси Покистон мегӯяд, дар натиҷаи инфиҷори баме дар ҷануби Исломобод се нафар кушта ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо, ин инфиҷор дар шаҳри Равалпиндӣ дар беруни терминоли истгоҳи автобусҳо рух додааст. Пулис мегӯяд, сабабҳои инфиҷор маълум нашудааст. Аммо дар як гузориши телвизюнӣ гуфта шуд, ки баме дар як мошин кор гузошта шуда будааст.