Шурӯъи "Форуми ҷаҳонии об" дар Истанбул

Имрӯз, 16-уми март, дар шаҳри Истанбули Туркия панҷумин ҳамоиши "Форуми ҷаҳонии об" ба кор шурӯъ кард.
Дар ин форум, ки таҳти шиори «Иттиҳод ба хотири об» баргузор мешавад, намояндагони 65 кишвари ҷаҳон дар давоми як ҳафта мушкилоти марбут ба оби ошомиданиро баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар ин форум раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан вориди Туркия шуд, ширкат варзад.

Форуми умумиҷаҳонии об шурӯъ аз соли 1996 дар се сол як бор баргузор мешавад.