Эрон ураниуми лозим барои бомб надорад

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Эрон ураниуми ғаниcсозишудаи лозим барои бомби атомиро дар ихтиёр надорад ва ҳанӯз ҳам барои тавлиди ин гуна бомб тасмим нагирифтааст. Деннис Блейр – раҳбари идораи миллии иттилоъот ва генерал Майкл Маплес – мудири Оҷонси иттилоъоти дифоъии Амрико, дар ин бора дар назди вакилони кумитаи дифоъи сенати Амрико гузориш доданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки озмоишҳои мушакии ахири Эрон ба фаъолиятҳои атомии он ҳеҷ гуна иртиботи мустақим надоштааст. Моҳи гузашта Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо нашри гузорише гуфт, Эрон захираи кофии ураниумеро тавлид кардааст, ки ба гуфтаи коршиносон, дар сурати ғанисозӣ метавон аз он барои сохти бомби атомӣ истифода кард.