Ҳамлаи пурқурбонӣ дар Абу-Ғрайб

Бар асари ҳамлаи як маргталаб дар канори шаҳри Бағдод тақрибан 30 нафар кушта шуда ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи полис, инфиҷор дар бозори серодам дар мавзеъи Абу-Ғрайб дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳи мансабдорон ва низомиён ба он ҷо ворид шуданд. Гуфта мешавад, ки бар асари инфиҷор дасти кам як нафари онҳо ба ҳалокат расидааст.