Дар фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайхи Миср конфаронси байнулмилалӣ оид ба кумак ба навори Ғаза ифтитоҳ шуд. Дар ин нишаст ҳайатҳои 75 кишвари олам ширкат доранд. Интизор меравад, ки Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, дар конфаронс тахсиси 900 миллион доллар кумаки кишвараш барои эҳёи навори Ғазаро эълон кунад.
Дар авоили соли равон бар асари амалиёти низомии Исроил алайҳи мусаллаҳони гурӯҳи ҲАМОС дар навори Ғаза мактабу бемористон ва дигар муассисаҳо тахриб шуданд. Бар асари низоъ беш аз 1300 фаластинӣ ба ҳалокат расиданд
Ҳайати гурӯҳи ҲАМОС, ки навори Ғазаро таҳти назорат дорад, ба конфаронси Шарм-ул-Шайх даъват нашудааст.