Ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Туркиш Эйрлайнз”, бо 143 сарнишин ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Амстердами Ҳолланд дучори садама шуд. Вазири нақлиёти Туркия Биналӣ Йилдирим гуфт, ҳамаи 135 мусофир ва 8 узви ҳайъати ҳавопаймо аз ин садама ҷони солим ба дар оварда, фақат чанд тан аз мусофирон ҷароҳат бардоштаанд. Ӯ аз гуфтани теъдоди захмиён худдорӣ варзид, вале гуфт, то кунун тақрибан 80 нафарро аз дохили ҳавопаймо берун оварда, ба бемористон мунтақил кардаанд. Ҳавопаймои Боинг-737, ки дар масири Истамбул – Амстердам парвоз мекард, бар асари садама чанд пора шудааст.