Мақомоти ироқӣ натиҷаҳои тақрибан 30 нуқтаи раъйдиҳиро бо иттиҳоми роҳ ёфтани тақаллуб дар ҷараёни интихоботи моҳи гузаштаи минтақаӣ бекор карданд. Раиси комиссиюни интихоботии Ироқ Фараҷ-ал-Ҳайдарӣ гуфт, бо вуҷуди роҳ ёфтани тақаллуб аммо мизони он чандон зиёд нест, ки зарурате барои даъвати интихоботи нав дар ин нуқтаҳои раъйдиҳӣ пеш омада бошад. Ал-Ҳайдарӣ афзуд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 31 январ - дар ҳафтаи ҷорӣ эълон хоҳад шуд. Тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, тарафдорони нахуствазир Нурӣ-ал-Моликӣ дар раъйдиҳии ахир аз болои ҳизбҳои шиамазҳаб дар Бағдоду манотиқи ҷанубии Ироқ дастболо шудаанд.