Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон бо сафари серӯза вориди Кобул шуд. Қарор аст, ки дар мулоқотҳои ӯ бо раҳбарони кишвар вазъи Афғонистон ва мушкилоти амниятӣ баррасӣ шавад. Ҳолбрук ба ҳайси фиристодаи вижаи ИМА барои нахустин бор ба Афғонистон сафар мекунад. Дар ин маснад ӯ моҳи гузашта пазируфта шуда буд. Ричард Ҳолбрук яке аз тарҳрезони Аҳдномаи Дейтон маҳсуб мешавад, ки имзои он дар соли 1995 ба ҷанг дар Босния хотима гузошта буд. Дипломати амрикоӣ бар ин ақида аст, ки ҳалли мушкили Афғонистон назар ба ҷанг дар Ироқ талошҳои бештарро талаб мекунад.