Мулоқоти вазирони молӣ ва бонкдорони 7 кишвари санъатӣ

Имрӯз вазирони молӣ ва бонкдорони 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар Рум-пойтахти Италия барои баррасии бӯҳрони сартосарии молӣ бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар остонаи ин мулоқот Доминик Штраус Кан-раиси иҷроии Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳукумати ин кишварҳоро аз "ҳифозати пасипардаӣ" ҳушдор дод. Штраус Кан гуфт, воқеъан хатари бӯҳрон ҷиддист ва бахши молӣ метавонад аз мавҷи
"худҳимоятӣ" осеб бинад.