Дирӯз Шӯрои Амнияти Давлатии Қирғизистон гузориши нави амниятии ин кишварро ба тасвиб расонд. Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳур, ки дар иҷлоси ин шӯро ширкат дошт, таҳдидҳои зайл ба амнияти кишварашро баршумурд: терроризми байналмиллалӣ, тундгароии мазҳабӣ, об ва масълаҳои марбут ба энержӣ дар минтақа. Булод Ҷонузоқов-собиқ дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ ёдовар шуд, ин гуфтаҳо аз моддҳои гузориши пешин, ки дар соли 2001 ба тасвиб расида буд, ҳеҷ тағироте надорад.