Бархурди моҳвораҳои мухобиротии Амрико ва Русия

Низомиёни Амрико мегӯянд, як моҳвораи хусусии мухобиротии Амрико бо моҳвораи мурда ё аз кор афтодаи Русия дар фазои кайҳон ба ҳам бархӯрдаанд. Моҳвораи Русия ҳам мухобиротӣ будааст. Моҳвораи амрикоиро ширкати Иридиум ё ширкати мухобиротии Эл Эл Сӣ иҷора мекардааст.