Фурсате барои сиёсати нав дар қиболи Эрон

Эрон гуфт, ки ба раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама фурсат медиҳад, то ки сиёсати нав дар қиболи Теҳронро пиёда созад. Изҳороти мазкур имрӯз аз забони сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасани Қашқавӣ садо дод. Президент Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи сешанбе гуфт, ки Теҳрон омодаи музокирот бо Вашингтон аст, дар сурате, ки ин гуфтӯгӯҳо бар пояи эҳтироми ҳамдигарӣ ва баробарӣ бунёд шуда бошад. Амрикову Эрон инак 30 сол мешавад, ки ҳеҷ робитаи дипломатӣ надоранд. Обама гуфтааст, ки роҳҳои музокироти мустақимро бо Эрон ҷустуҷӯ мекунад.