Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дирӯз дар пайи дидор аз Афғонистон вориди Исломобод шуд ва бо раҳбарони Покистон мулоқот кард. Бан Гӣ Мун гуфт, ӯ ба зудӣ ба хотири таҳқиқи парвандаи қатли сарвазири пешини Покистон Беназир Бҳутто кумиссиюни вижаи СММ-ро таъсис хоҳад дод. Бҳутто бар асари як сӯъиқасд дар моҳи декабри соли 2007 кушта шуд. Феълан раҳбарии Покистонро шавҳари ӯ Осиф Алӣ Зардорӣ ва ҳизби мардумии Бҳутто бар ӯҳда доранд.