Ифшои музокироти Исроилу Фаластиниён

Бино ба гузориши як рӯзномаи Исроил, нахуствазир Эҳуд Олмерт ба Ҷорҷ Митчелл - фиристодаи сулҳи Амрико дар Ховари Миёна гуфтааст, кишвараш дар музокирот бо Фаластиниён ихроҷи 60 ҳазор шаҳракнишинони исроилӣ аз Канораи Ғарбро пешниҳод кардааст. Рӯзномаи “Йедиот Аҳаронот” ҳамчунин мегӯяд, Исроил ризоият додааст, то маҳаллаҳои шарқи Байтулмуқаддас ба ихтиёри Фаластиниён дода шавад. Ба гуфтаи рӯзнома, Фаластиниён аз имзои ин созиши усулӣ сарпечӣ кардаанд, ба он далел ки то замони интихоботи Исроил дар рӯзи 10 -уми феврал созиш мавриди иҷро қарор намегирад. Ҷорҷ Митчелл рӯзи чаҳоршанбе бо Эҳуд Олмерт дидор кард ва қарор аст, имрӯз бо раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин дар шаҳри Рамаллоҳ гуфтӯгу кунад.