810 миллион доллар кӯмаки Аврупо ба Афғонистон

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, нақша дорад, бо вуҷуди бӯҳрони молиявӣ, ба Афғонистон дар ҳаҷми 810 миллион доллар кӯмак кунад. Масъули равобити берунаи иттиҳод Бенита Ферйерро-Валднер пас аз дидор бо вазири умури хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Сипанто дар Праг, ҳамчунин гуфт, Эрон ба ширкат дар конфаронси минтақаии масоили Афғонистон, ки баҳори имсол дар Исломобод, пойтахти Покистон, барпо мешавад, даъватнома хоҳад гирифт.