Раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ бо ишора ба мухолифаташ ба созиши амниятӣ бо ИМА ба Ироқ ҳушдор додааст.
Бар пояи созиши амниятии Ироқу ИМА сарбозони амрикоӣ то охири соли 2001-ум аз Ироқ хориҷ мешаванд.
Хабаргузории ИРНО-и Эрон менависад, оятуллоҳ Хоманайӣ ба сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ гуфтааст, ки ба ваъдаҳои ИМА бовар накунад.
Дар поёни сафараш ба Эрон ал-Моликӣ изҳори умед кардааст6 ки Ҷумҳурии Исломӣ дар эҳёи иқтисоди Ироқ саҳмгир хоҳад шуд.