Исроил ба 367 фаластинии соҳиби шиносномаҳои хориҷӣ иҷоза дод Навори Ғаззаро тарк кунанд. Онҳо асноди Русия, Укроин, Молдова, Амрико, Туркия ва ғайра доштанд. Сухангӯи ҳукумати Исроил, Марк Регев гуфт: "Субҳи имрӯз Исроил ба хориҷиёне, ки мехостанд, Ғаззаро тарк кунанд, шароит фароҳам овард. Мо ҳамчунин бо ҷомеаи байнулмилал ҳамкорӣ дорем, то ба Ғазза ғизо ва дорувор ворид карда шавад."